ҶДММ "ОҲАНГУДОЗИИ ТОҶИКИСТОН"

Хуш омадед ба саҳифаи интернетии мо!!!

ҶДММ «Оҳангудозии Тоҷикистон»  ба хотири тадбиқи ҳадафи чоруми миллӣ –суръат бахшидани индустрикунонии кишвар, ташкили истеҳсоли маҳсулоти босифати ватанӣ ва содироти он ба хориҷа, ташкили ҷойҳои нави корӣ, ҷалби бештари сармояи хориҷӣ ҷиҳати сохтани корхонаҳои муосири саноатӣ, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум ва дар партави ташаббуҳои созандаи Пешвои миллат ва Ҳукумати кишвар рӯзи 25-уми сентиябри соли 2019 дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Рудакӣ таъсис ёфтааст.

Раванди корӣ-истеҳсолии мо: Дар ҶДММ «Оҳангудозии Тоҷикистон» ашёи хом қисман аз Ҷумҳурии Қазоқистон ва қисман аз худи ҷумҳурӣ ворид карда мешаванд. Бо мақсади истеҳсоли маҳсулоти баландсифат  дар ҳамкорӣ бо мутахассисони Ҷумҳурии Халқии Чин таҷҳизоти муосири  истеҳсоли чиноиро насб карда  ва маҳсулоти ниҳоӣ-арматура ва ноқилҳоро пас аз коркарди металлпораҳо, бо истифодаи маводи кимёвӣ ба анҷом мерасонад.

Иқтидори истеҳсолӣ: Самти асосии фаъолияти корхонаии ҶДММ «Оҳангудозии Тоҷикистон»  ин коркарди металлпораҳо ва истеҳсоли  ду намуди масолеҳи сохтмонӣ – арматура ва симҳои пулодии андозашон гуногун мебошад. Иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол 60 ҳазор тонна арматура ва ноқилҳо бо сифати баланд аст. Барои идоракунии дастгоҳҳо ва технологияи муосир, инчунин барои бастабандии маҳсулоти истеҳсолшуда 150 мутахасисон ба кори доимӣ ҷалб карда шудаанд. Корхонаи мо аз рӯи иқтидори истеҳсолӣ калонтарин дар минтақа ба шумор меравад.

Бартариятҳо: Маҳсулотҳои истеҳсол намудаи ҶДММ «Оҳангудозии Тоҷикистон»  сифатан баланд буда ба Стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад. Раванди истеҳсолии мо ба экология ва муҳити атроф зарари ҷиддӣ намерасонад зеро дудҳои хориҷшаванда аз корхона бо воситаи таҷҳизоти махсус коркард ва безарар гардонида мешаванд.

Суроғаи мо: ҶДММ «Оҳангудозии Тоҷикистон» 
Ноҳияи Рудакӣ,
Ҷамоати Чоргултеппа, деҳаи Куктош
Тел: (+992) 999 998 888, 885 886 666