ҶДММ "ОҲАНГУДОЗИИ ТОҶИКИСТОН"

Самти асосии фаъолияти корхонаии ҶДММ «Оҳангудозии Тоҷикистон» ин коркарди металлпораҳо ва истеҳсоли  ду намуди масолеҳи сохтмонӣ – арматура ва симҳои пулодии андозаашон гуногун мебошад. Иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол 60 ҳазор тонна арматура ва ноқилҳо бо сифати баланд аст. Барои идоракунии дастгоҳҳо ва технологияи муосир, инчунин барои бастабандии маҳсулоти истеҳсолшуда 150 мутахасисон ба кори доимӣ ҷалб карда шудаанд. Корхонаи мо аз рӯи иқтидори истеҳсолӣ калонтарин дар минтақа ба шумор меравад.

Маҳсулотҳои истеҳсол намудаи ҶДММ «Оҳангудозии Тоҷикистон»  сифатан баланд буда ба Стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад. Раванди истеҳсолии мо ба экология ва муҳити атроф зарари ҷиддӣ намерасонад зеро дудҳои хориҷшаванда аз корхона бо воситаи таҷҳизоти махсус коркард ва безарар гардонида мешаванд.